«Firefox»-ро ҳамчун браузери сатҳи ташкилотӣ истифода баред
Браузери «Firefox» дар асл браузери бехатар, ба махфият нигаронидашуда ва сареҳро дар миқёси васеъ таъмин мекунад. Бо сиёсати ташкилотӣ дар ҳар ду версияи «Firefox» ва «Firefox Extended Support Release» («ESR»), ташкилотҳо имконияти танзими ҳамаҷониба, назорати комил ва шаффофиятро дар як браузери боэътимод дар асоси манбаи кушод ба даст меоранд.
Муҳофизати сатҳи ташкилотӣ бо истифода аз имкониятҳои «Firefox»
Браузери «Firefox» шаффофияти манбаи кушодро бо хусусиятҳои амнияти пешқадам ва навсозиҳои мунтазам муттаҳид намуда, ҳифзи маълумоти ташкилоти шуморо таъмин менамояд.
Бастаи насбро ба интиёри худ ва дар вақти дилхоҳ таҳия намоед
Бо истифода аз бастаҳои насб ва густариши ҳаматарафаи сиёсатҳо ва хусусиятҳои гурӯҳӣ, фароҳамоварии браузер тезтар ва мутобиқшаванда аз ҳарвақта буда, дар муҳитҳои «Windows», «Linux» ва «macOS» ба осонӣ ва бевосита ҷорӣ карда мешавад.
Давраҳои релиз, ки ба талаботи ташкилоти шумо мутобиқ мебошанд
Браузери «Firefox»-ро интихоб карда, ба хусусиятҳои навтарин ва нашрҳои устувор ҳар чор ҳафта дастрасӣ пайдо намоед, ё версияи «Firefox ESR»-ро интихоб карда, ба устувории дарозмуддат, навсозиҳои мунтазам барои амнияти низом ва нашрҳои асосии солона дастрасӣ пайдо намоед.
Боргириҳо барои браузери «Барои корхона»
Windows 64-бит
macOS
Windows 32-бит
Браузери «Firefox» ё «Firefox ESR»-ро барои платформаи дигар ё бо забони дигар боргирӣ намоед.